
Зи фарзонагон чун сухан бишнавем, Ба рою ба фармоншон бигравем. К-аз эшон ҳаме дониш омӯхтем, Ба фарҳанг дилҳо барафрӯхтем.
— Абулқосим ФирдавсӣМуассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода”
ДБЗХТ ба номи С.Улуғзода
university
Донишгоҳи байналмилалӣ
Бо ташаккул ёфтани равобити Тоҷикистон бо дигар мамлакатҳои дунё, хусусан баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, зарурати омода кардани кадрҳои баландихтисоси забондону забоншинос, тарҷумон ва омӯзгорон ба миён омад. Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз мактабҳои олии асосӣ ва пешбари ин самт дар кишвар маҳсуб меёбад. Ҳанӯз аз соли таъсисёбӣ Донишгоҳ (дар аввал Институти педагогии забон ва адабиёти рус (с.1979), баъдан Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (с.1992) ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (с.2009)) дар тайёр кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва замони муосир саҳми муносиб гузоштааст. Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода пайваста барои рушди дониш ва тарбияи ҷавонони фикран ва ҷисман солим, дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, ҳимоятгари қонунҳо, ҳуқуқҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
кучаи Муҳаммадиев, 17/6
кучаи Муҳаммадиев, 17/6
Душанбе
1979
rectorat.dbzkht.tj@mail.ru
(+992) 37-232-5000
734019
Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода”