Тарҷумаи ҳол
Шарифзода Солеҳ Фаридун (Шарипов Солеҳ Фаридунович) - номзади илмҳои тиб аз руйи ихтисоси 14.02.01 – Гигиена (Беҳдоштӣ), мудири кафедраи беҳдошти муҳити зисти МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино». Соли 2005 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро аз рӯйи ихтисоси «Гигиена, санитария ва эпидемиология» хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2003 оғоз намуда, дар сохторҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ва созмонҳои байналмилалии башардустона фаъолият кардааст. Аз соли 2010 фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии худро дар кафедраи беҳдошти муҳити зисти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино идома дода, пайдарпай вазифаҳои муаллими коромӯз, ассистент, муаллими калон ва аз соли 2024 мудири кафедраро ба уҳда дорад. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ ва тадқиқотии ӯ беҳдошти муҳити зист, беҳдошти коммуналӣ, беҳдошти меҳнат, беҳдошти ғизо, беҳдошти радиатсионӣ, арзёбии омилҳои муҳити зист ва пешгирии таъсири онҳо ба саломатии аҳолӣ мебошанд. Шарифзода Солеҳ Фаридун муаллифи як қатор корҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ буда, дар омода намудани мутахассисони соҳаи тибби профилактикӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ фаъолона саҳм мегузорад.
