Тарҷумаи ҳол
Ман, Назарамонов Шабоз Парвонаевич, 16 сентябри соли 1968 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваллуд шудаам. Оиладор ҳастам. Фаъолияти меҳнатии худро дар соҳаи маориф ва технология оғоз намудам. Солҳои 2000–2004 дар шуъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат ҳамчун мутахассиси техника ва технологияҳои компютерӣ кор кардам. Аз соли 2004 то соли 2010 дар филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» шаҳри Ваҳдат ба ҳайси муҳандиси технологияҳои интиқоли маълумоти Шабакаи ҷумҳуриявии интиқоли маълумот фаъолият доштам. Ҳамзамон, солҳои 2007–2010 дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ҳамчун омӯзгори калони фанҳои фалсафа ва психология кор кардам. Аз соли 2010 фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии худро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ идома додам. Дар ин муассиса аввал ҳамчун ассистенти кафедраи фалсафа, баъдан омӯзгори калон ва дотсенти кафедраи фалсафа, фалсафа ва фарҳанг фаъолият намудам. Солҳои 2015–2021 вазифаи дотсентро иҷро карда, ба донишҷӯён аз фанҳои фалсафа, мантиқ, ахлоқ, этикети дипломать, таърихи фарҳангшиносӣ ва таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ барои донишҷуёни бахшҳои бакалавриати рузона/ғоибона ва барои магистрантҳои донишгоҳ аз фанни фалсафаи илм дарс гуфтам. Соли 2015 рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Проблемаи инсон дар фалсафаи Носири Хусрав» аз рӯйи ихтисоси таърихи фалсафа бомуваффақият ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа гардидам. Самти асосии фаъолияти илмии ман омӯзиши фалсафаи тоҷику форс, антропологияи фалсафӣ, таълимоти Носири Хусрав, Ибни Сино, «Ихвон-ус-сафо», фалсафаи исмоилия, таърихи дин ва масъалаҳои фарҳангу тамаддун мебошад. Солҳои 2021–2023 дар Муассисаи федералии давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Хадамоти федералии иҷрои ҷазо»-и Федератсияи Россия ҳамчун ходими пешбари илмӣ дар самти фалсафа ва психология фаъолият намудам. Аз соли 2023 то имрӯз ҳамчун тарҷумони забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва арабӣ дар бюроҳои тарҷумонии шаҳри Москва кор карда, дар мақомоти тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Россия, мақомоти прокуратура ва судҳои зинаҳои гуногун тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттиро анҷом медиҳам. Аз моҳи июни соли 2025 дар ташкилоти ғайритиҷоратии худмухтори «Евразия»-и шаҳри Москва ба ҳайси менеҷери лоиҳаҳои илмӣ ва иртиботи академӣ фаъолият менамоям. Вазифаҳои ман ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои илмӣ, омода намудани мақолаҳо барои нашр, кор бо пойгоҳҳои илмӣ ва нишондиҳандаҳои илмсанҷӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои академиро дар бар мегиранд. Дар давраи фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ як қатор монографияҳо, луғату мақолаҳои эксиклопедӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ таълиф намудам. Аз ҷумла, дар ҳаммуаллифӣ бо Рамазон Назариев китоби «Фарҳанги забони Носири Хусрав»-ро таҳия кардам, ки соли 2015 дар шаҳри Душанбе нашр шудааст. Ҳамчунин муаллифи монографияҳои «Роҳи бо шамъи ҳикмат фурузоншуда», «Антропологияи фалсафии Носири Хусрав» ва «Проблемаи инсон дар фалсафаи Носири Хусрав» мебошам. Дар соҳаи таълим китобу маводи таълимии «Мантиқ», «Этикет» ва тарҷумаи чаҳорҷилдаи «Таърихи фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ»-ро бо ҳамроҳии ҳаммуаллифон омода намудаам. Мақолаҳои илмии ман дар маҷаллаҳои «Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ», «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Паёми Донишгоҳи Хоруғ», «Молодой учёный» ва дигар маҷмуаҳои илмӣ нашр шудаанд. Ҳамчун роҳбари илмӣ ва мушовир дар омода намудани рисолаҳои номзадӣ ва доктори фалсафа — PhD иштирок намудаам. Зери роҳбарӣ ва машварати илмии ман таҳқиқотҳо оид ба таълимоти ахлоқии Насируддини Тусӣ, маърифатшиносии «Ихвон-ус-сафо», асосҳои биологии маърифат дар фалсафаи машшоъ, инсони комил дар таълимоти Мавлонои Румӣ ва таълимоти ахлоқии Абӯҳанифа анҷом дода шудаанд. Дар конфронсҳо, ҳамоишҳо ва мизҳои мудаввари байналмилалӣ дар Тоҷикистону Федератсияи Россия иштирок намуда, оид ба антропологияи Ибни Сино, фалсафаи Носири Хусрав, ҳикмати шарқ, масъалаҳои ҳувияти миллӣ, забон ва фарҳанг, равандҳои иҷтимоӣ ва геополитикии Осиёи Марказӣ маърузаҳо пешниҳод кардаам.
